Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Украинаро набояд ба интихоби ҳамкор маҷбур кард


Жан Асселбон ва Сергей Лавров дар Маскав

Жан Асселбон ва Сергей Лавров дар Маскав

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, набояд Украинаро маҷбур сохт, ки барои ҳамкории наздик Русия ё Ғарбро интихоб кунад. Лавров ин суханонро рӯзи сешанбе дар Маскав дар як нишасти хабарии муштарак боЖан Асселбон-вазири корҳои хориҷаи Люксембург изҳр дошт.

Лавров гуфт, ки водор кардани Украина ба он, ки интихоби усулии “шумо бояд бо мо бошед ва ё бар зидди мо бошед”, “хатарнок ва бар зидди манофеъ аст”. Лавров афзуд, Русия таъкид кардааст, ки нисбат ба Украина мавзеъгирии адами мудохила ба корҳои дохилаи ин кишварро дар пеш гирифтааст ва аз ҳамкорони ғарбӣ низ мехоҳад, ки чунин равишро дар пеш бигиранд.

Вай ҳамчунин аз тасмим дар бораи эълони ипнтихоботи зудраси Украина дар моҳи маи соли ҷорӣ интиқод кард ва гуфт, ки ин тасмим бо созишномаи ҳали бӯҳрон, ки 21 феврал ба имзо расида буд, муғоират дорад ва бояд дар қадами аввал дар Қонуни Асосӣ ислоҳот анҷом бигирад.

Жан Асселбон аз ҷониби худ гуфт, ки вазъият дар Украина замоне ба ҳолати оддӣ бармегардад, ки Русия ва Иттиҳодияи Аврупо бо якдигар ҳамкории наздик дошта бошад.
XS
SM
MD
LG