Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо раводидро барои Молдова бекор мекунад


Интизор меравад, ки ҳафтаи ҷорӣ порлмони Аврупо дар иҷлоси умумии худ дар Страсбург муқаррароти раводид ё виза барои шаҳрвандони Модоваро аз миён бардорад. Дар ин бора райдиҳӣ бояд рӯзи сешанбе баргузор мешуд, вале он барои рӯзи панҷшанбе гузошта шудааст. Ин пешниҳодро ба порламон Кумитаи озодиҳои шаҳрвандӣ ва умури дохилӣ дар аввали моҳ матраҳ карда буд.

Кумиссиюни Аврупо низ пешниҳод кардааст, ки барои шаҳрвандони Молдова визаро бекор кунанд. Моҳи ноябр дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв роҷеъ ба ҳамкориҳо дар Шарқ эълон шуд, ки муқаррароти раводид аз миён бардошта шавад ва Молдова Қарордоди ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кард.

Намояндагони порламони Аврупо мегӯянд, ки шаҳрвандони Молдова аз моҳи май ё июн метавонанд бидуни раводид вориди кишварҳои минтақаи Шенген шаванд.

Ҳафтаи гузашта Лурие Леанса-нахуствазири Молдова эълон кард, ки иҷоди минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи Аврупо яке аз бартариҳои аслӣ дар фаъолияти ҳукумати вай ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG