Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” ва “Регар” дар даври аввали Ҷоми ФФТ


Бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар минтақаи Душанбе, ки рӯзи 24-уми феврал шурӯъ шуданд, то 5-уми март идома хоҳанд кард.

Дар бозии даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 12 голи беҷавоб зад. Жосимар Насименто, легионери бразилӣ, шаш гол, Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол», се гол, Аҳтам Назаров, Хуршед Маҳмудов ва Фатҳулло Фатҳуллоев якголӣ заданд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи «Гвардия»-и Душанбе аз ширкат дар Ҷоми ФФТ даст кашид ва ба ҷойи он мунтахаби наврасони Тоҷикистон роҳ дода шуд. Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Голи ягонаро Акбар Бобомуродов дар охири нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд.

Бозиҳои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе бо ширкати ҳашт даста (панҷ дастаи лигаи олӣ, ду дастаи лигаи аввал ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон) дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шудааст.
Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва ССКА «Помир» (Душанбе), ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Локомотив» (Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), «Хайр» (Ваҳдат) ва «Энергетик» (Душанбе) дохиланд.

Имрӯз, 25-уми феврал, бозиҳои даври дувум баргузор мешаванд. Ду бозӣ дар гурӯҳи “Б” миёни дастаҳои «Локомотив» - «Энергетик» ва «Кӯктош» - «Хайр» барпо мегардад.

Дар марҳилаи аввал бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Баъдан ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Бозиҳои Ҷоми ФФТ дар ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон ва Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) - барпо мегарданд. Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-уму 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор шудааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад.

Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ба дастаи ғолиб - “Регар-ТадАЗ” Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Тими “Хайр” барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ гирифт.

Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир» аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Дастаи «Хайр» бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон - Ҷоми ФФТ, сертификат ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои тилло - сарфароз гашт. Дастаи ССКА «Помир» бо сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқра мукофотонида шуд.


Тақвими бозиҳои Ҷоми ФФТ-2014 дар минтақаи Душанбе:
Даври 1-ум. 24-уми феврал (душанбе)
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир» - 1-0
«Истиқлол» - Мунтахаби наврасон – 12-0

Даври 2-юм. 25-уми феврал (сешанбе)
12.00. «Локомотив» - «Энергетик»
15.00. «Кӯктош» - «Хайр»

Даври 3-юм. 26-уми феврал (чоршанбе)
12.00. Мунтахаби наврасон - «Регар-ТадАЗ»
15.00. ССКА «Помир» - «Истиқлол»

Даври 4-ум. 27-уми феврал (панҷшанбе)
12.00. «Хайр» - «Локомотив»
15.00. «Энергетик» - «Кӯктош»

Даври 5-ум. 28-уми феврал (ҷумъа)
09.00. Мунтахаби наврасон - ССКА «Помир»
11.00. «Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол»
13.00. «Локомотив» - «Кӯктош»
15:00 «Хайр» - «Энергетик”

Ҷоми ФФТ
Давраи пешакӣ. Минтақаи Душанбе. Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«РЕГАР-ТАДАЗ» - ССКА «ПОМИР» - 1:0

Гол: Акбар Бобомуродов, 40.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Алишер Шарифов, Фарҳод Холбеков, Саид Эргашев, Саид Исмоилов, Расул Файзов, Фирдавс Тусматов, Фирӯз Қараев, Акбар Бобомуродов, Шамшод Ҳайдаров, Фирӯз Раҳматов (Нуъмон Зокиров, 46).

ССКА «Помир» (Душанбе): Амир Ҳоҷимуродов, Павел Калугин (Беҳзод Шарифов, 39), Субҳон Хоҷамов, Фирдавс Чақалов, Руслан Тиллоев, Шамсиддин Қосимов (Сабур Мулимов, 35), Фаридун Шариҷов, Самад Шоҳзуҳуров (Комрони Мирзонаҷот, 60), Азимҷон Юнусзода (Сайёди Ковусшо, 59), Орзу Додхудоев, Бузургмеҳр Раҳмоналиев (Сиёвуш Мӯҳсинов, 60).

Огоҳонида шуданд: Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»), Самад Шоҳзуҳуров, Комрони Мирзонаҷот, Субҳон Хоҷамов, Сабур Мулимов (ССКА «Помир»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)

«ИСТИҚЛОЛ» - МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) - 12:0

Голҳо: Жосимар Насименто, 6 (1:0). Аҳтам Назаров, 42 (2:0). Жосимар Насименто, 45 (3:0). Жосимар Насименто, 47 (4:0). Жосимар Насименто, 51 (5:0). Жосимар Насименто, 55 (6:0). Хуршед Маҳмудов, 58 (7:0). Дилшод Восиев, 60 (8:0). Жосимар Насименто, 64 (9:0). Дилшод Восиев, 68 (10:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 78 (11:0). Дилшод Восиев, 86 (12:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов (Сиёвуш Асроров, 46), Наим Улмасов, Глаубер Да Силва, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов (Виллер Соуза Оливейра, 46), Ромиш Ҷалилов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов (Дилшод Восиев, 46), Комил Саидов (Хуршед Маҳмудов, 46), Жосимар Насименто.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16): Фирӯз Бегмуродов, Табрези Давлатмир, Эҳсон Паллаев, Ҷамшед Махсумов, Муҳаммад Шарифов (Фаридун Қосимов, 44), Ҳаким Ҳасанов (Файзалӣ Сардоров, 61), Собирҷон Гулаков (Шараф Урунов, 61), Рустам Толибов, Зоҳир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов.
Сардовар: Диловар Орзуев (Ҳисор).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 1 1 0 0 12-0 3
2 «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
3 ССКА «Помир» 1 0 0 1 0-1 0
4 Мунтахаби наврасони Тоҷикистон 1 0 0 1 0-12 0
XS
SM
MD
LG