Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Ҳоугланд: "Амрико аз минтақа комилан берун намешавад"


Ричард Ҳоугланд зимни сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ" Хуршеди Ҳамдам. 25.02.2014

Ричард Ҳоугланд зимни сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ" Хуршеди Ҳамдам. 25.02.2014

Гуфтугӯи ихтисосии радиои "Озодӣ" бо Ричард Ҳоугланд, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ.

Ричард Ҳоугланд, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо як сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дошт ва дар ин муддат бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, музокиротеро анҷом дод. Хабарнигорони "Озодӣ" дар шаҳри Душанбе дар поёни сафари ҷаноби Ҳоугланд дар як гуфтугӯи ихтисосӣ нахуст аз натоиҷи дидору гуфтугӯҳои вай бо мақомоти Тоҷикистон пурсиданд.

Ричард Ҳоугланд: Сафари ман ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти Тоҷикистон хеле хуб сурат гирифт. Ман бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов. вазири корҳои хориҷӣ ва Абдусалом Қурбонов, вазири молия сӯҳбатҳо анҷом додам. Густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар меҳвари ин мулоқотҳо қарор дошт. Иҷрои тарҳи КАСА - 1000 аз масоили мавриди баҳс буд ва ин лоиҳа то андозае омода аст, аммо бояд корҳои дигаре дар ҷиҳати иҷрои он рӯи даст гирифта шавад.

Радиои Озодӣ: Албатта дар ин дидорҳо таваҷҷӯҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва паёмадҳои хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон шудааст. Тоҷикистон дар ин раванд чӣ саҳме хоҳад дошт ва чӣ нафъе ё фоидае мегирад?

Ричард Ҳоугланд: Оре, то охири соли ҷорӣ, нерӯҳои НАТО бояд аз қаламрави Афғонистон берун шаванд. Аммо бояд инро таъкид кунам, ки ИМА аз ин минтақа ба таври комил ё тамоман берун нахоҳад шуд. Ҳамкориҳои ИМА бо тамоми кишварҳои минтақа, ба хусус Тоҷикистон идома хоҳад ёфт ва Тоҷикистон яке аз кишварҳои шарики хуби ИМА мебошад. Ба ин далел, ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар марз, ҷилавгирӣ аз қоҷоқи маводи мухаддир ва ғайра бо Тоҷикистон минбаъд низ идома пайдо мекунад.

Радиои Озодӣ: Албатта нигарониҳо пас аз хуруҷи нируҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар заминаи таҳдид ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вуҷуд дорад ва дар ин замина кӯмаки бевоситаи ИМА ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?

Ричард Ҳоугланд: ИМА дар заминаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои ҳифзи марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон дорад ва ин ҳамкорӣ ба дунболи хуруҷи нируҳои марзбони Русия аз ин хати марз шуруъ гардиданд. ИМА барои таҳкиму ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмакҳои фанниеро ироа кардааст ва ҳамчунин дар ин самт Иттиҳодия Аврупо, кишварҳои дигари Ғарб ба Тоҷикистон кӯмак мерасонанд. Ҳар қадар ҳамкориҳо дар заминаи таҳким ва тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бештар бошад, ҳамон гуна ба манфиат аст.

Ричард Ҳоугланд

Ричард Ҳоугланд

Радиои Озодӣ: Ҳамонгуна, ки шумо таъкид кардед, дар дидорҳо бо мақомоти Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро ба баррасӣ гирифтед ва таваҷҷуҳ ба иҷрои лоиҳаи КАСА - 1000 низ будаааст. Аммо Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар талоши сохтмони ниругоҳи Роғун аст. Ниругоҳе, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои минтақа аҳамияти вижа дорад. Дар ин миён дар ин авохир Амрико қонун дар бораи манъи бунёди сарбандҳои баландро ба тасвиб расонид. Ин қонун ба идомаи сохтмони ниругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарато дар Қирғизистон чӣ таъсир хоҳад дошт?

Ричард Ҳоугланд: Дар ин мавзуъ ду нуқта аст, ки мехоҳам таъкид кунам. Аввал ин ки ин қонуни нав нест ва то ин замон ҳам амал мекард. Дигар ин ки қонуни мазкур барои кӯмаки ИМА ҷиҳати бунёди сарбандҳои бузург монеа эҷод намекунад. Ҳадафи аслии ин қонун он аст, ки қабл аз иҷрои лоиҳаҳо ҷанбаҳои техникии он матраҳ ва баррасӣ шавад. Ба ин далел, қонуни мазкур дар заминаи кӯмаки ИМА ба сохтмони сарбандҳои бузург халале ворид намекунад.

Радиои Озодӣ: Пас метавон гуфт, ки ИМА дар ин иҷрои ин тарҳ, ки тиҷорати минтақвиро дар назар дорад, ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард?

Ричард Ҳоугланд: Ҳоло инро гуфтан зуд аст. Чун ҳам Тоҷикистон, ҳам ИМА ҳам дигар кишварҳо мунтиазири ташхиси байналмилалии ниругоҳи Роғун тавассути Бонки Ҷаҳонӣ ҳастанд. Пас аз анҷоми ташхис ва натиҷагирии он, ИМА тасими худро хоҳад гирифт.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, Шумо муддати чанд соли пеш ба унвони сафири ИМА дар Тоҷикистон фаъолият кардед. Назари шумо ба раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, озодии баёну матбуот ва дигар озодиҳо чӣ гуна аст?

Ричард Ҳоугланд: Рушди демократия, озодии баёну матбуот ва ғайра як раванди тӯлонӣ аст ва бояд марҳила ба марҳила сурат бигирад. Ин раванд доимо яксон нахоҳад буд ва шебу фарозҳое хоҳад дошт. Аммо дар ниҳоят муҳим он аст, ки ин раванд ба қуллаҳои баланд бирасад. Як мисол меорам: Аз 22 феврал торнамои Радиои Озодӣ масдуд гардид. Мавқеи ҳукумати ИМА ин аст, ки ҳамеша барои шаффофият кор мекунад ва инсонҳо бояд ба иттилоот дастрасӣ дошта бошанд. Аз дӯстони худам дар Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, то дастрасӣ ба сомонаҳоро таъмин кунанд, то инсонҳо бо иттилоъ таъмин бошанд.

Радиои Озодӣ: Дар воқеъ сомонаи радиои Озодӣ дар рӯзҳое масдуд шуд, ки сафари Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифт. Оё дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ин мавзуъро матраҳ кардед ва назари шумо ба ин қазия чӣ гуна аст?


Ричард Ҳоугланд: Мутаассифона хабари масдуд шудани сомонаи Радиои Озодӣ ба ман дер расид. Чун пас аз мулоқотҳо бо мақомоти Тоҷикистон дар ин бора хабар ёфтам. Агар пештар огаҳ мешудам, ҳатман ин мавзуъро матраҳ мекардам. Аммо сафорати ИМА дар Душанбе дар ин робита изҳороте пахш кард ва он мавқеи Ҳукумати ИМА мебошад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, ахиран матбуоти Амрико матлаберо нашр кард, ки гӯё ИМА барои ҳавопаймоҳои бесарнишини худ дар Осиёи Марказӣ ҷой ё пойгоҳ меҷӯяд ва ҳатто аз Тоҷикистон низ ном бурда шудааст. Сафари Шумо ба Тоҷикистон ба ин мавзуъ рабте дошт?

Ричард Ҳоугланд: Сафари ман ба Тоҷикистон аслан ба ин мавзӯъ вобаста нест. Мехоҳам таъкид кунам, матлабе, ки дар ин бора нашр шудааст ва иддао дар ин бора дуруст нест.

Радиои Озодӣ: Гуфтушунид бо Толибони Афғонистон идома дорад. Эҳтимол меравад, онҳо баъди соли 2014 дар Афғонистон соҳиби қудрат шаванд. Оё дар ин 13 соли гузашта онҳо ҳамчун нируи сиёсӣ тағйире кардаанд?

Ричард Ҳоугланд: Суоли хуб аст. Толибон дар Афғонистон аз афғонҳо иборатанд ва онҳо қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи Афғонистон мебошанд. Дар ин 13 сол каму беш эволютсияи Толибонро мушоҳида кардан мумкин аст. Албатта он гуна, ки дар дигар созмонҳо аст, як спектери муайяни ақидаҳо дар онҳо мавҷуд аст. Аз як фикр то фикр дигар, гуногунандешӣ аст. Ман фикр мекунам, ки онҳо ба ҷомеаи имрӯзаи Афғонистон метавонанд ворид шаванд ва дар чорчӯби қонуну қавоид ва Қонуни Асосӣ ё Конунститусияи Афғонистон фаъолият кунанд. Агар ба ҳаёти сиёсии Афғонистон ворид шуданӣ бошанд, мо мушкиле бо онҳо надорем. Аммо агар амали экстремистӣ ё ифротгароёани худро давом доданӣ бошанд, дар ин маврид мо бо онҳо гуфтание дорем.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафири назари Шумо нисбати ҳаводиси Украина чӣ аст?

Ричард Ҳоугланд: Ман ба ин суол бо як ҷавоби стандартии сафири амрикоӣ посух мегӯям. Мо ки ба ин ҳаводис дахолате надорем, шарҳе низ дода наметавонем. Аммо аз талафоти одамон дар ин ҳаводис ба шиддат нигаронем . Умевдорем, бӯҳрони Украина аз роҳи мусолиматомез ва аз тариқи мардуми ин икишвар ҳали хешро пайдо хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Аммо ҷаноби сафир, бархе доираҳо бар ин назаранд, ки "инқилоб" -е ки дар Украина сар зад, кори дасти Ғарб ва Амрикост?

Ричард Ҳоугланд: Дасти мо фақат ба он мерасад, ки ҳар ду тарафро ба мусолиҳа биорем ва онҳо сулҳ кунанд. Аммо онҳое иддао доранд, ки дар буҳрони Украина дасти Амрикост, асосе надорад.

Радиои Озодӣ: Яъне Шумо назаратон ин аст, ки "инқилоб" -и Украина, як инқилоби худҷӯш аз мардуми ин кишвар аст, бале? Ва метавонад ин ба дигар кишварҳо низ асар кунад?
.
Ричард Ҳоугланд: Ҳар як давлат раванди таърихии худашро дорад ва аз марҳилаҳои гуногун мегузарад. Аммо ман ақидаи "инқилоби ранга" -ро қабул надорам. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар гуногун аст. Вазъи ин се шоҳаи муҳим ба он ҳадде мерасад, ки дар ниҳоят мардуми он кишвар мегӯянд, бас аст!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG