Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузори маргталаб ду нафарро дар Пешовар кушт


Маъмурони пулиси Покистон мегӯянд, як бомбгузори маргталаб худро дар назди консулгарии Эрон дар Пешовар тарконида ва ду посбони консулгариро куштааст. Дар ин ҳамла, ки рӯзи душанбе 24 феврал дар маҳаллаи намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ рух дод, 10 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи як афсари пулиси Пешовар, бомбгузори маргталаб вақте худро мунфаҷир кард, ки ӯро маъмури амниятӣ дар назди посгоҳ нигаҳ дошт. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки гурӯҳи ҷиҳодӣ ба раҳбарии Маст Гул, як ифротгарои ашаддӣ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Маст Гул дар гузашта алайҳи ҳукумати Ҳинд дар аёлати Кашмир ҷангидааст.
XS
SM
MD
LG