Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муомилаи ғайриқонунӣ бо "лаъл"-у "ёқут" ва "зумуррад"


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медҳад, ки ду нафар, яке сокини Бадахшон ва дигари истиқоматкунандаи пойтахтро барои харидуфурӯши сангҳои қимматбаҳо боздошт кардаанд.

Ин ду нафар мехостаанд сангҳои қимматбаҳои «лаъл», «ёқути сурх ва кабуд» ва «зумуррад»-ро бо роҳи ғайриқоунунӣ фурӯшанд, аммо аз тарафи кормандони мақомот боздош ва сангҳо мусодира шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ бо тасдиқи ин хабар рӯзи 24-уми феврал иттилоъ дод, кормандони милитсия зимни ҷустуҷуи фаврӣ сокини ноҳияи Шуғнон, Шавкат Сайфиддиновро бо 155 адад сангҳои қимматбаҳои «лаъл» ҷамъан 104,38 грам, 132 адад «ёқути сурх» (71,7 грамм), 8 адад «ёқути кабуд» (4,38 грамм), 7 адад сангҳои сабзи қиматбаҳои «зумуррад» (7,72 грамм), 7 порасанги «гиотсид» ва дигар анвои сангҳои қиматбаҳо дастгир ва сангҳоро мусодира кардаанд.

Дар натиҷаи амалиёти ҷустҷуӣ маълум карда шудааст, ки сокини ноҳияи Шуғнон, Шавкат Сайфиддинов бо истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Зуҳур Баҳромов ҳамкори пинҳонӣ доштааст, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз дувумӣ 172 адад порасанги «лаъл» (72, 37 грамм) 3 адад «ёқути сурх» дарёфт карда шудааст.

Тавре ВКД хабар медиҳад, алайҳи ин ду нафар тибқи моддаи 284 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон «додугирифти металлҳои қимматбаҳо», парванда боз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG