Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав тазоҳургаронро ба зиндон маҳкум кард


Додгоҳе дар шаҳри Маскав рӯзи душанбе 7 нафареро, ки дар тазоҳуроти зиддиҳукуматии олуда ба хушунат дар соли гузашта ширкат доштанд, ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ рӯзи ҷумъа ҳамаи онҳоро ба ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ва муқовимат ба маъмурони пулис гунаҳкор донист. Ин ҳафт нафар аз дуввуним то 4 соли зиндон маҳкум шуданд ва як ҳамроҳи дигари онҳо ҷазои шартӣ гирифт. Созмони Авфи Байналмилал рӯзи ҷумъа, қарори додгоҳро, “беадолатии зишт” хонд ва хост, ҳамаи муттаҳамон озод карда шаванд. Вазорати умури хориҷии Амрико низ қарори додгоҳро дорои “ангезаҳои сиёсӣ” хонд ва ҷараёни муҳокимаву риояти инсофу қонун дар Русия ибрози нигаронӣ кард. Ин ҳашт нафарро моҳи майи соли 2012 дар ҷараёни тазоҳурот алайҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Майдони Болотная дар Маскав дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG