Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветнам, Кувайт ва Ироқ - рақибони Тоҷикистон


Тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар Хошимини Ветнам баргузор мешавад, тасдиқ шудааст.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов бозии аввалинашро дар ин мусобиқа 30-юми апрел муқобили тими Кувайт анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик дар даври дувум рӯзи 2-юми май бо тими мизбон – Ветнам ва дар даври севуми сабқати гурӯҳӣ рӯзи 4-уми май бо мунтахаби Ироқ вориди рақобат мешаванд.

Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ – чорякниҳоӣ - мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» - Эрон, Австралия, Чин ва Индонезия рақобат мекунад.

Тақвими бозиҳои чемпионати футзали Осиё-2014

Гурӯҳи «А»: Ветнам, Кувайт, Тоҷикистон, Ироқ.

Гурӯҳи «В»: Эрон, Австралия, Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «С»: Тайланд, Лубнон, Тайван, Малайзия.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Узбакистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Даври 1-ум

30 апрел (чоршанбе)

16.00 – Кувайт – Тоҷикистон
16.00 – Эрон – Индонезия
19.00 – Ветнам – Ироқ
19.00 – Австралия – Чин

1 май (панҷшанбе)

16.00 – Тайланд – Малайзия
16.00 – Ҷопон – Кореяи Ҷанубӣ
18.30 – Лубнон –Тайван
18.30 – Қирғизистон – Узбакистон

Даври 2-юм

2 май (ҷумъа)

16.00 – Ироқ – Кувайт
16.00 – Индонезия – Австралия
18.30 – Тоҷикистон – Ветнам
18.30 – Чин – Эрон

3 май (шанбе)

16.00 – Малайзия – Лубнон
16.00 – Кореяи Ҷанубӣ – Қирғизистон
18.30 – Тайван – Тайланд
18.30 – Узбакистон – Ҷопон

Даври 3-юм

4 май (якшанбе)

16.00 – Эрон – Австралия
16.00 – Чин – Индонезия
18.30 – Ветнам – Кувайт
18.30 – Тоҷикистон – Ироқ

5 май (душанбе)

16.00 – Тайланд – Лубнон
16.00 – Тайван – Малайзия
18.30 – Ҷопон – Қирғизистон
18.30 – Узбакистон –Кореяи Ҷанубӣ

Чорякфинал

7 май (чоршанбе)

15.30 – 1 «А» - 2 «В»
15.30 – 1 «С» - 2 «D»
18.30 – 1 «В» - 2 «А»
18.30 – 1 «D» - 2 «С»

Нимфинал

8 май (панҷшанбе)

15.30 – 1 «А»/2 «В» - 1 «С»/2 «D»
18.30 – 1 «В»/2 «А» - 1 «D»/2 «С»

10 май (шанбе)

16.00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

19.00 – Бозии ниҳоӣ
XS
SM
MD
LG