Пайвандҳои дастрасӣ

Маросим дафни сарбозони афғон баргузор шуд


Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон рӯзи душанбе маросими дафни 20 сарбозе баргузор шуд, ки дар посгоҳи дурафтодае дар шарқи кишвар кушта шуданд. Генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифоъи Афғонистон, дар ин маросим бо ширкати горди фахрӣ ҳузур дошт, ки тобутҳои дар парчамҳои миллӣ печонидаи сарбозонро мебурданд. Бисмилоҳхон Муҳаммадӣ дар ин маросим гуфт, ки ин ҳамлаи Толибон, рӯҳияи Артиши Миллии Афғонистон заъиф нахоҳад кард ва сарбозони кишвараш ҳамчунон дар муқобили Толибон хоҳанд ҷангид. Рӯзи шанбе садҳо нафар аз Толибони то дандон мусаллаҳ дар ҳамлаи ғофилгиронае ба посгоҳи сарбозони афғон дар вилояти Кунар дар марзи Покистон, 20 нафари онҳоро куштанд.
XS
SM
MD
LG