Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адвокатураи вижа барои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав


Бо пуштибонии молии дафтари маскавии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар назди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хизмати вакили мудофеъ ё адвокатура ба роҳ монда шуд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 24 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз имрӯз ин адвокатура расман ба фаъолият шурӯъ кард. «То кунун дар сурати поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мутахассисони Хадамоти муҳоҷират дар сурати зарурат ягон адвокатро ба шаҳрвандон машварат медод. Акнун вакили мудофеъ дар назди хадамот бевосита худаш ба шикоёти муҳоҷирони тоҷик машғул хоҳад шуд,» - зикр кард ҷаноби Аҳмадов.
Танҳо дар моҳи январи соли равон беш аз 400 ариза ва муроҷиати шифоҳии шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия бо фаъолиятҳои мухталиф машғуланд, ба дафтари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон расидааст. Ин дар ҳолест ки мавсими муҳоҷират ба Русия тоза шурӯъ мешавад ва интизор меравад, шумори муроҷиатҳои онҳо ба ин ниҳод биафзояд. Солона аз 1 то 1,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд.
XS
SM
MD
LG