Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 8 тазоҳургари Болотнаяро эълон мекунанд


Қарор аст, имрӯз додгоҳе дар шаҳри Маскав ҳукми 8 нафареро эълон кунад, ки дар тазоҳуроти зиддиҳукуматии олуда ба хушунат дар соли гузашта ширкат доштанд. Додгоҳ рӯзи ҷумъа ҳамаи онҳоро ба ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ва муқовимат ба маъмурони пулис гунаҳкор донист. Интизор меравад, Наталия Никишина, додраси парванда, ҳамин рӯз ҳукмро эълон кунад ва мумкин аст, муттаҳамон аз 5 то ба 6 соли зиндон маҳкум шаванд. Созмони Авфи Байналмилал рӯзи ҷумъа, қарори додгоҳро, “беадолатии зишт” хонд ва хост, ҳамаи муттаҳамон озод карда шаванд. Вазорати умури хориҷии Амрико низ қарори додгоҳро дорои “ангезаҳои сиёсӣ” хонд ва ҷараёни муҳокимаву риояти инсофу қонун дар Русия ибрози нигаронӣ кард. Ин ҳашт нафарро моҳи майи соли 2012 дар ҷараёни тазоҳурот алайҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Майдони Болотная дар Маскав дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG