Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари собиқи Толибони Покистонро куштанд


Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, фармондеҳи муваққати собиқи Толибонро дар Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабоилнишини Покистон куштаанд. Манобеъе дар мақомоти маҳаллӣ ва ҷосусии Покистон ба Радиои Машъал гуфтаанд, ки Исматулло Шоҳин Битонӣ дар даргирие бо афроди номаълуми мусаллаҳ дар маҳаллаи Дарга Мандай воқеъ дар наздикии шаҳри Мироншоҳ, маркази маъмурии Вилояти Вазиристони Шимолӣ кушта шудааст. Ронанда ва ду муҳофизи ӯро ҳам куштаанд. Исматулло Битонӣ баъд аз ҳалокати Ҳакимулло Маҳсуд, фармондеҳи собиқи Толибон дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар соли гузашта, барои муддате раҳбарии Таҳрики Толибони Покистонро бар ӯҳда дошт. Ба гузориши Радиои Машъал, Исматулло Битонӣ дар талошҳо барои раҳандозии музокироти сулҳ миёни ҳукумати Покистон ва Толибон нақши муҳиме доштааст. Таҳрики Толибон то кунун хабари марги ӯро таъйид накардааст.
XS
SM
MD
LG