Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии Нодира: "Гуфтам, накун! Гуфт: Дигар зистан намехоҳам!"


Нодира Мирзоева

Нодира Мирзоева

Як зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе баъди таваллуди фарзанд худро аз ошёнаи 12-уми бинои истиқоматӣ берун андохта, худкушӣ кардааст.

Марям охирин нафарест, ки бо Нодира Мирзоева, ҷавонзане, ки худро аз ошёнаи 12-ум поён партофт, ҳамсӯҳбат шудааст. Дар ҳоле ки беист ашк аз чашмонаш мерехт, Марям гуфт, дар ин қазия ӯ худро ҳам гунаҳкор медонад, чун натавонист Нодираро наҷот диҳад, ҳарчанд хеле инро мехост ва кӯшиш ҳам кард.

Марям, ки дар ошёнаи 12- уми яке аз биноҳои серошёнаи хиёбони Неъмат Қарабоев зиндагӣ мекунад, бо ёдоварӣ аз рӯзи худкушии Нодира мегӯяд, тасодуфан аз тиреза чашмаш ба духтаре афтод, ки худро аз ин ошёна ба берун андохта, овезон буд. Ба суолҳои Марям, ки ӯ кӣ аст ва чӣ кор мекунад?, духтар гуфтааст, Нодира аст ва мехоҳад худро ба зер андозад, чун фарзандаш маълул ба дунё омад. Марям мегӯяд, ягон 15 дақиқа кӯшиш кард, то ӯро аз раъйаш бигардонад. Аммо бенатиҷа.


Марям мегӯяд: «Ман фикр кардам, шояд шароити табобат надораду шавҳар ва хонавода ӯро намефаҳманд. Барояш гуфтам, ки ҳеҷ гап не, дар зиндагӣ ҳама як мушкил дорад, биё, ман ба ту кӯмак мекунам. Гуфт, чӣ тавр? Гуфтам, агар хоҳӣ, фарзандатро мегираму калон мекунам, вале ту накун ин корро. Гуфт, ту чӣ хел маро ҳоло наҷот медиҳӣ, гуфтам, як лаҳза ист, худро напарто, ман аз он тараф омада, дастатро мегираму халос мекунам. Сипас зуд ба сӯи даромадгоҳ давидаму дари ҳамсояро задам ва хоҳиш кардам, то дар наҷоти ин духтар бароям кӯмак кунанд. Рафтем, ӯ ҳанӯз ҳамон ҷо буд. Дасташро гирифтам, аммо нашуд. Ӯ рафт, намедонам, худаш маҷбур дасташро гирифт ё вазнашро дигар дошта натавонист.»

Марям мегӯяд, ин духтарро бори аввал дида буд, вале то ба ҳол нигоҳи чашмон ва чеҳраи маҳзуни ӯ аз пеши назараш дур намешавад. Марям хеле мехостааст тифли Нодираро аз наздик бубинад ва бино бар ин моро, ки барои огоҳии бештар аз асли воқеа роҳи хонаи Нодираро пеш гирифтем, ҳамроҳӣ кард.

Нодираи 37-сола ҳамроҳи шавҳар ва хушдоманаш дар ҳавлие дар кӯчаи Неъмат Қарабоев зиндагӣ ва дар «Хонаи Радио» ба ҳайси муҳосиб фаъолият мекардааст. Ӯ як соли пеш хонадор шудаву фарзандашро дар 7-моҳагӣ ба дунё овардааст. Писари Нодира Акбар ҳоло 5-моҳа аст. Шавҳар ва модари марҳум мегӯянд, ки ӯ солим ва бенуқс аст.

Олия Ҳайдарова, модари Нодира гуфт: Кӯдак бемории ҷиддӣ надорад, фишори мағзӣ доранд, гуфтанд, аммо ҳоло ба 99 дарсади кӯдакон ҳамин диагнозро мемонанд. Боз гуфтанд, нуқсони қалбии модарзодӣ ҳам шояд дорад, аммо гуфтанд, ин ҳам табобатшаванда ҳаст ва бо зиёд шудани вазнаш шифо меёбад.”

Олия Ҳайдарова

Олия Ҳайдарова

Хонум Олия сару садоҳо дар робита ба бемори рӯҳӣ доштани духтарашро рад мекунад ва мегӯяд, Нодира дар хонаи шавҳар зиндагии хуб дошт, духтари дилёбу доно буд. Вале пас аз таваллуди писараш, ки ба иддаои пизишкон, гӯё солим набудааст, ӯ ҳамеша зери фишори равонӣ қарор доштаву аз он нороҳатӣ мекардааст, ки натавонист барои шавҳараш писари солим ба дунё биёрад ва аз он метарсид, ки метавонад тифлашро аз даст бидиҳад. Ба қавли хонум Олия, Нодира фарзандашро дар зоишгоҳи рақами як ба сахтӣ таваллуд кардааст.

Олия мегӯяд: «Зиндагиаш олиҷаноб буд. Бо шавҳараш ҳамдигарро дӯст медоштанд, аммо пас аз таваллуди ин кӯдак духтурон ба ӯ гуфтаанд, ки кӯдак бемор аст, зинда намемонад, гуфтаанд, ту дар синну соли дертар таваллуд кардӣ ва ҳамин аст мушкил. Намедонам, боз онҷо чӣ гапҳо шудааст. Аммо ин ҳама ба асабҳои духтарам таъсир карду ӯ ба фишори равонӣ гирифтор шуд. Аз ҳамон зоишгоҳ алакай шираш парид. Мегуфт, писараш дигар сиҳат намешавад.»

Ба гуфтаи модар, барои дур кардани ин фикрҳо аз сар ва озод шудан аз фишорҳои равонӣ Нодира табобат ҳам мегирифт. Ва рӯзи 21 феврал маҳз пас гирифтани сӯзандорӯи навбатӣ ӯ вориди як бинои 12-ошёна шуда, худро ба зер афкандааст.

Нодира бо шавҳараш дар рӯи арӯсӣ

Нодира бо шавҳараш дар рӯи арӯсӣ

Аммо дар зоишгоҳи рақами як ба мо гуфтанд барои муайян кардани ин ки таваллуди Нодира маҳз дар ин зоишгоҳ сурат гирифтааст ё на, онҳо бояд бойгониро бубинанд ва ин вақт мехоҳад. Як корманди зоишгоҳ дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, пизишкон ҳақ доранд модарро аз вазъи навзод огоҳ созанд ва бемориашро ба ӯ бигӯянд.

Ба гуфтаи масъулин, имкон дорад, ки Нодира ба бемории рӯҳафтодагии пас аз таваллуд гирифтор шуда бошад. Шамсиддин Қурбонов, номзади илмҳои тиб мегӯяд, баъзан занон пас аз таваллуд ба ин беморӣ, ки як навъи бемории рӯҳист, гирифтор мешаванд: «Баъди таваллуд дар натиҷаи вайрон шудани ақлу тавозун одам метавонад аз ақл бегона шавад. Ҳар нафар ва дар ҳар синну сол метавонад дучори психоз шавад. Нишонаҳои ин беморӣ ин аст, ки ҳарорат баланд мешавад, гапҳои аз ақл бегона мезанад, метавонад аз тифли худ даст кашаду ба ӯ шир надиҳад. Ҳар тараф меравад.»

Аммо наздикон модару ҳамсари марҳум Нодира мегӯянд, дар рафтору кирдори Нодира чунин нишонаҳо набуд. Ба гуфтаи Марям, нафаре ки талоши наҷоти ҷони Нодираро кардааст, марҳум ба бемори рӯҳӣ монанд набуд.

Гаҳвораи тифли бемодармондаи Нодира

Гаҳвораи тифли бемодармондаи Нодира

Бо ин ҳол, сабаби марги Нодира Мирзоева, модари як тифли 5-моҳа то ҳол дақиқ нашудааст. Ҳоло ин қазия аз тарафи додситонии ноҳияи Фирдавсӣ таҳқиқ мешавад ва ба гуфтаи додситон Ҷалолиддин Пиров дар чунин ҳолат фақат пас аз санҷиш ва мушоҳидаи аломатҳои тартиби ҷиноятӣ дошта, парвандаи ҷиноӣ боз ва сабаби худкушӣ муайян мешавад: «Мо бояд ҳама ҳолатро бубинем, ҳама шоҳидон ва ҳамсари ӯро бозпурсӣ кунем баъд натиҷаро эълон мекунем.»

Бино бар омори расмӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон дастикам як зан даст ба ҷони худ мезанад. Гуфта мешавад, муноқишаҳои хонаводагӣ, фишори равонӣ, мушкилоти иқтисодӣ аз омилҳои аслиест, ки онҳоро ба ин амал таҳрик додааст.

Аммо Марям, шоҳиди худкушии Нодира мегӯяд, баъди ин ҳодиса ҳолати равонӣ ва саломатиаш хуб нест. Ӯ тасмим дорад, барои табобат ба Русия равад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG