Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи “Баҳористон” рӯзи 23-юми феврал ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баргузор шуд, бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, иштирок карданд.


Аз Тоҷикистон се дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан, инчунин, се тим аз Қазоқистон – «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск ширкат варзиданд.

Дастаҳои «Жетису» ва «Оқтеппа», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ба Қайроққум ҳайатҳои эҳтиётии худро оварда буданд. Тими «Қизилҷар» бошад, соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд.
Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол” дар ин мусобиқа пешакӣ ғолиб шуд. «Истиқлол» дар ҳамаи панҷ бозӣ бар тимҳои «Хайр» бо ҳисоби 3-0, «Далерон-Ӯротеппа» бо ҳисоби 4-1, ҳайати дувуми «Оқтеппа» бо ҳисоби 6-1, «Қизилҷар» бо ҳисоби 2-1ва бар ҳайати дувуми “Жетису” бо ҳисоби 6-2 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» бо 15 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд ва соҳиби Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» гардид.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 21-5 15
2 «Хайр» (Ваҳдат) 5 3 1 1 7-4 10
3 «Қизилҷар» (Петропавловск) 5 1 2 2 7-6 5
4 «Оқтеппа» (Оқтеппа) 5 1 2 2 4-10 5
5 «Жетису» (Талдиқӯрғон) 5 1 1 3 7-13 4
6 «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) 5 1 0 4 5-13 3

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 8 гол, Дэвид МАУТО («Истиқлол») – 4 гол.

Владимир Никлевич («Қизилҷар») беҳтарин дарвозабон, Сӯҳроб Мансуров («Далерон-Ӯротеппа») беҳтарин ҳимоятгар, Магомед Ҷалилов («Жетису») беҳтарин нимҳимоятгар, Мирзобек Мирзоев («Хайр») беҳтарин ҳамлагар дониста шуда, бо тӯҳфаҳо сарфароз гаштанд. Ба Дилшод Восиев («Истиқлол»), ки бо 8 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид, ҷоиза супурда шуд.
XS
SM
MD
LG