Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйир дар ҷадвали парвозҳои фурудгоҳи Душанбе


Бар асари номусодии ҳаво ва вуҷуди туману барфборӣ дар Тоҷикистон, дар ҷадвали парвозҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тағйирот ворид шудааст. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳ рӯзи 24-уми феврал ба радиои "Озодӣ" бо тасдиқи ин хабар гуфт, бар асари пешомадани чунин вазъ, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Урумчи-Душанбе, Дубай-Душанбе, Истамбул-Душанбе, ки то ин соат бояд дар Душанбе фуруд меомаданд, ҳанўз аз фурудгоҳҳои кишварҳои худ парвоз накардаанд. Вазъи ба амаломада парвозҳо аз фурудгоҳи Душанберо низ ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Аз ҷумла хатсайри Душанбе-Москва (Внуково), Душанбе- Москва (Домодедово), Душанбе- Иркутск дар мунтазири беҳбуд ёфатин вазъи ҳаво мебошанд. Ҳамчунин ҳавопаймои хатсайри 628 Москва-Душанбе феълан дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омад. Тавре мусофирон мегӯянд, бар асари таъхир дар парвозҳо, толорҳои фурудгоҳ серодам мебошанд ва ба гуфтаи масъулони фурудгоҳ, ҳанӯз аз мусоид шудани ҳаво хабаре нест.
XS
SM
MD
LG