Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенко довталаби мақоми нахуствазирӣ нест


Юлия Тимошенко

Юлия Тимошенко

Юлия Тимошенко мегӯяд, вай довталаби мақоми нахуствазирии Украина нест. Вай рӯзи якшанбе гуфт, ки намехоҳад, ки номзадии вайро дар ин мақом баррасӣ кунанд.

Субҳи рӯзи якшанбе ҷонибдорони вай дар порламон гуфтанд, ки хонум Тимошенко яке аз 3 номзади аслӣ барои мақоми раиси ҳукумати ваҳдати мардумӣ хоҳад буд.
Дар эъломияе, ки ҳизби вай пахш кард, Тимошенко мегӯяд, вақте ки вай пешниҳод дар бораи мақоми раиси ҳукуматро шунид, “таъаҷҷубзада” шудааст.

Хонум Тимошенко дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2010 бо тавфовути андаки оро интихоботро ба Виктор Янукович бохт ва соли 2011 барои суистифода аз мақоми нахуствазирӣ зиндонӣ шуд. Вай рӯзи шанбе аз зиндон раҳо гардид.
XS
SM
MD
LG