Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди дигари Русия дар Бозиҳои Зимистонаи Олимпӣ


Дар Бозиҳои зимистонаи Олимпии Сочӣ варзишгарони Русия ҳамаи медалҳои мусобиқаи лижаронии мардонаро дар масофаи 50 километр ба даст оварданд. Александр Легков медали тилло, ҳамдастаи вай Максим Вилегжанин медали нуқра ва Иля Черноусов медали биринҷӣ гирифтанд. Онҳо пасу пеш ба марра расиданд ва се ҷои аввалро соҳиб шуданд.

Вале то ҳол барандагони медалҳо дар хоккей ва бобслей маълум нест. Ҳоло Русия бо 12 медали тилло дар зинаи авали мусобиқоти олимпӣ ҷой гирифтааст. Русия 11 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ низ дорад. Дар маҷмуъ медалҳои Русия 32 адад аст.
XS
SM
MD
LG