Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиятҳои президент ба раиси порламон гузашт


Порламони Украина тасмим гирифт, ки ба таври муваққат салоҳиятҳои раиси ҷумҳури ин кишвар ба Олександр Турчинов-раиси порламон вогузор шавад.

Гузашта аз ин, Олександр Турчинов-раиси порламон рӯзи сешанберо охирин рӯзи ташкили ҳукумати ваҳдати мардумӣ эълон кард. Порламон ҳачунин бояд барои дороии давлатӣ эълон кардани иқоматгоҳи Виктор Янукович рай диҳад.

Порламон Леонид Кожараро аз мақоми вазири корҳои хориҷаи Украина барканор кард.

Бо вуҷуди ин ки порламони Украина дар бораи барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ рай дод, хонум Тимошенко аз эътирозгарони зиддидавлатӣ хост, ки эътирозҳои худро қатъ накунанд.

Тимошенко аз Янукович ва ҳампаймонҳои вай тақозо кард, ки барои куштори даҳҳо нафар эътирозгарон тавассути нируҳои амниятӣ дар давоми як ҳафтаи гузашта ҷавоб диҳанд.
XS
SM
MD
LG