Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко хост, то эътирозҳоро қатъ накунанд


Юлия Тимошенко ҳангоми суханронӣ дар майдон
Юлия Тимошенко ҳангоми суханронӣ дар майдон
Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина аз эътирозгарони зиддидавлатӣ дар майдони истиқлоли Киев хост, ки эътирозҳои худро қатъ накунанд. Тимошенко хитоб ба ҳазорон нафар эътирозгарон баъд аз раҳоӣ аз шифохонаи зиндони Харков ин суханонро ба забон овард. Дар ҳоле, ки вай дар аробача нишаста буд чунин гуфт: “Шумо қаҳрамонед, шумо беҳтаринҳои Украина ҳастед”.

Майдони Истиқлол дар давоми се моҳи гузашта маркази ҷунбишҳои эътирозии зидди Виктор Янукович-рақиби аслии хонум Тимошенко буд.

Рӯзи шанбе порламони ин кишвар барои барканории Виктор Янукович рай дод, зеро вай натавонист вазифаҳои худро чун раиси ҷумҳур иҷро кунад. Янукович изҳор дошт, ки вай ба нақша нагирифтааст, ки аз мақом истеъфо диҳад ва тасмими порламон ғайриқонунист.

Намояндагони порламон ҳамчунин барои раҳоии Юлия Тимошенко аз зиндон рай доданд. Онҳо раиси нави порламон ва вазири нави корҳои дохилаи Украинаро интихоб карданд. Намояндагони дигари мухолифонро узви кобина таъйин намуданд.
XS
SM
MD
LG