Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Челябинск


Бар асари садамаи автомобилӣ дар вилояти Челябинскийи Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Тибқи иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ҳодиса шаби гузашта дар ноҳияи Южно-Уралскийи вилояти Челябинск рух дода, дар натиҷа Амиршо Азимқулов, сокини деҳаи Дар-дари ноҳия Айнӣ ва Ҳошимҷон Раҳимов, бошандаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Исмоил Меликов ва Абдулмутталиб Набиев -- ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса ҷароҳатҳои сангин бардошт ва ҳамакнун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки ин ниҳод дар амри фиристодани ҷасадҳои ин афрод ба ватан мусоидат хоҳанд кард ва ҳамчунон ба маҷрӯҳон кӯмак хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG