Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Украина интихоботи зудрас эълон кард


Порламони Украина қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он бояд 25 маи соли ҷорӣ дар ин кишвар интихоботи раёусти ҷумҳурӣ баргузор шавад, зеро Виктор Янукович-раиси ҷумҳур натавонистааст ҳамаи вазифаҳои худро дар ин мақом пурра иҷро кунад.

Қарори мазкур дар порламони замоне ба райдиҳӣ гузошта шуд, ки Виктор Янукович дар як изҳороти тиелевизионии худ ҳамаи рӯйдодҳои Украинаро “табаддулот” арзёбӣ кард ва эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Киев дафтари раёсати ҷумҳуриро ба тасарруфи худ дароварданд.

Намояндагони порламон барои раҳоии Юлия Тимошенко аз зиндон рай доданд. Арсен Аваков-намояндаи ҳизби Тимошенко бо номи «Баткившина»-ро вазири корҳои дохилӣ ва намояндаи дигари ин ҳизб Олександр Турчиновро раиси порламон интихоб намуданд.

Порламон ҳамчунин ба Виктор Пшонка-Додситони кулли Украина райи эътимод дод. Аз сӯи дигар хабарҳо мерасад, ки намояндагони мақомоти расмӣ аз ҳизби Виктор Янукович бо номи “Ҳизби минтақаҳо” дар шаҳри Харков бо ҳам мулоқот мекунанд. Бино ба хабари сухангӯи раиси ҷумҳур Янукович дар ин мулоқот ширкат дорад.

Тибқи хабари дигар Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина аз зиндон раҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG