Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Янукович мегӯяд, ки истеъфо намедиҳад


Виктор Янукович
Виктор Янукович
Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина рӯйдодҳои ахири ин кишварро «табаддулот» арзёбӣ кард ва гуфт, ки вай нақшае барои истеъфо аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ надорад. Янукович дар мусоҳибае бо телевизиони Украина рӯзи шанбе гуфт, ки «вай раиси ҷумҳури қонунан интихобшуда аст». Вай афзуд, ҳамаи тасмимҳое, ки порламон гирифтааст, ғайриқонунӣ мебошанд.

Ин суханони Янукович дар ҳоле садо медиҳанд, ки эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Киев дафтари раёсати ҷумҳуриро ба тасарруфи худ дароварданд.
Намояндагони порламон барои раҳоии Юлия Тимошенко аз зиндон рай доданд. Арсен Аваков-намояндаи ҳизби Тимошенко бо номи «Баткившина»-ро вазири корҳои дохилӣ ва намояндаи дигари ин ҳизб Олександр Турчиновро раиси порламон интихоб намуданд.

Порламон ҳамчунин ба Виктор Пшонка-Додситони кулли Украина райи эътимод дод. Аз сӯи дигар хабарҳо мерасад, ки намояндагони мақомоти расмӣ аз ҳизби Виктор Янукович бо номи “Ҳизби минтақаҳо” дар шаҳри Харков бо ҳам мулоқот мекунанд. Бино ба хабари сухангӯи раиси ҷумҳур Янукович дар ин мулоқот ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG