Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 2 нафар ба иттиҳоми узвияти дар ҷамоати "Ансоруллоҳ"


Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду сокини шаҳри Истаравшан бо гумони узвият дар гурӯҳҳои тундгаро хабар доданд. Кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд сокинони шаҳри Истаравшан Мансур Маъмуров ва Исфандиёр Алиев, соли таваллудашон 1993-ро ҳангоми таблиғу ташвиқоти ба гуфтаи мақомот "тундгароӣ" боздошт кардаанд. Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло нисбати гумонбарон аз рӯи моддаи 187 кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад. Мақомот мегӯянд, Мансур Маъмуров ва Исфандиёр Алиев бо даъвати пешвоёни ҷамоати «Ансоруллоҳ» «байъат», яъне савганд қабул карда, узви ҷамоати «Ансоруллоҳ» шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, Мансур Маъмуров соли 2012 узвияти «Ансоруллоҳ»-ро қабул намудааст ва ҳангоми бурдани ташвиқу тарғибот ва ҷалби тарафдорони дигар бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дастгир шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, барои гирифтани маълумоти диниву ҷангӣ Мансур Маъмуров моҳи декабри соли 2013 бо кӯмаки молии аъзоии ҷамоат ба Сурия сафар кардааст.

Худи ӯ дар ин бора ба сохторҳои қудратӣ чунин нақл кардааст: «Визаи думоҳа гирифтам. Як моҳ дар курси арабӣ хондам, ки Илёс гуфт, ки ба Сурия меравӣ. Аммо ман нафаҳмидам, ки ба ҷанг." Мансур Маъмуров гуфтааст, онҳо ӯро фиреб додаанд ва бо ҳар гуна суханҳо фикрашро ба таври худ ҷалб кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, падараш аз ин кораш норизо шуда, даст ба худкушӣ задааст. Мақомот дар робита ба худкушии падари Мансур Маъмуров, мегӯянд, Наим Маъмурови 46-сола аз узвияти писараш ба иттиҳоди ҷиноӣ огоҳӣ ёфта, ӯро ба ватан даъват мекунад, аммо вай қабул намекунад ва зери таъсири ин ҳодиса падар худро ба дор меовезед. Кормандони корҳои дохилӣ васиятномаи Наим Маъмурро дарёфт намуданд, ки марҳум дар он сабаби даст ба худкушӣ заданашро узвияти писараш ба гурӯҳи ҷиноӣ дониста, худро гунаҳгор хондааст, ки натавонистааст фарзандашро аз ин роҳ баргардонад.

Ҳамзамон мақомот аз боздошти сокини дигари шаҳри Истаравшан Исфандиёр Алиев дарак доданд, ки ба гуфтаи онҳо вай ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо аъзои ин гурӯҳ робита пайдо мекунад ва онҳо ӯро ба таври худ ҷалб мекунанд. Тавре худи ӯ Исфандиёр Алиев ба мақомот гуфтааст, ки аз хонаводаашон ӯ дар ин кор танҳо набудааст, ва наздикони дигараш ӯ ҳам шомили ин гурӯҳгаштаанд. Вай аз амакаш Карим Алиев ном бурдааст, ки дар Афғонистон будааст ва дар ҳайати ин гурӯҳ ҷанг мекардааст ва бародараш Илёс ҳам бо чунин гурӯҳҳо сарукор доштааст ва ҳоло дар мавриди дар куҷо қарор доштани ӯ наздиконаш иттилоъ надоштаанд. Тавре мақомот мегӯянд, Исфандиёр Алиев барои дастгирии ҷамоати «Ансоруллоҳ» аз Федератсияи Русия 10 ҳазор рубли русӣ интиқол додааст ва минбаъд дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ба таблиғот машғул будааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 3 майи соли 2012 созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро низ ба феҳристи созмонҳои ифротгарову террористӣ шомил кард. Ба гуфтаи мақомот Амриддин Табаров - раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG