Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Кличко барои барканории Янукович


Виталий Кличко

Виталий Кличко

Виталий Кличко-раҳбари мухолифони Украина гуфтааст, ки бояд порламони ин кишвар Виктор Януковичро аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор ва то 25 маи соли ҷорӣ интихоботи зудрас эълон кунад.

Кличко дар порламон гуфт, ки рӯзи шанбе Виктор Янукович Киев-пойтахти кишварро тарк кардааст ва «имрӯз порламон танҳо ниҳоди қонунии қудрат ба шумор меравад».

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, 13 нафар аз аъзои порламон, ки аз «Ҳизби минтаҳо»-и Янукович буданд, аз ин ҳизб хориҷ шудаанд.

Пештар Володимир Рибак-раиси порлумони Украина аз мақоми худ истеъфо дод. Вай аз ҷонибдорони ҳукумати Виктор Янукович мебошад. Муовини раиси порламон гуфт, Рибак ба сабаби вазъи саломатӣ рӯзи шанбе аз мақомаш истеъфо додааст.
Вашингтон мегӯяд, Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина Киевро тарк кардааст ва барои «мулоқоте» ба шаҳри Харков рафтааст. Бино ба хабари матбуоти Украина, Янукович ба нақша гирифта буд, ки рӯзи шанбе дар мулоқоти Ҷабҳаи Сартосарии Иттиҳоди Иҷтимоии Украина ширкат кунад. Ин ҷабҳа яке аз бахшҳои Ҳизби Минтақаҳои Виктор Янукович мебошад.

Дар Киев эътирозгарони зиддиҳукуматӣ нақшаҳоро барои созиши сисёсӣ рад карданд ва таҳдид намуданд, ки агар Виктор Янукович истеъфо надиҳад, ба қасри раёсати ҷумҳурӣ ҳамла мебаранд.

Рӯзи ҷумъа Владимир Путин ва Барак Обама-раисони ҷамоҳири Русия ва Амрико телефонӣ ба тавофуқ расиданд, ки тадбирҳо ҳарчӣ зудтар иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG