Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Путин Сурия ва Эронро баррасӣ карданд


Путин ва Обама (акс аз бойгонӣ)
Путин ва Обама (акс аз бойгонӣ)
Раисони ҷумҳури Амрикову Русия Барак Обама ва Владимир Путин телефонӣ дар бораи вазъ дар Ховари Миёна, аз ҷумла вазъи Сурия ва музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Теҳрон гуфтугӯ карданд.

Ин гуфтугӯи телефонӣ бо ташаббуси Барак Обама сурат гирифт, то ҷонибҳо бӯҳрони Украинаро баррасӣ намоянд. Аммо дар эъломияи Кохи Сафед омадааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи кӯшишҳои ҳали бӯҳрони сиёсии Сурия гуфтугӯ кардаанд. То ҳол ду даври музокирот, ки дар аввали моҳи ҷорӣ роҷеъ ба Сурия дар Женев баргузор шуд натиҷа надодааст.

Рорҷеъ ба музокироти Эрон Обама ва Путин масъалаи ҳамкориҳои Амрикову Русия дар музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эронро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG