Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина раиси порламон истеъфо дод


Володимир Рибак
Володимир Рибак
Володимир Рибак-раиси порлумони Украина аз мақоми худ истеъфо дод. Вай аз ҷонибдорони ҳукумати Виктор Янукович мебошад. Муовини раиси порламон гуфт, Рибак ба сабаби вазъи саломатӣ рӯзи шанбе аз мақомаш истеъфо додааст.
Дар ҷаласаи рӯзи шанбеи порламон Виталий Кличко-раҳбари мухолифон аз намояндагони порламон хост, ки қатъномаеро ба тасвиб расонанд, ки дар он истеъфои фаврии Виктор Янукович тақозо мешавад, зеро вай бар зидди эътирозгарон нируи низомӣ ба кор бурдааст.

Кличко гуфт, ки Янукович Киевро тарк кардааст ва «ҳоло порламон ягона ниҳоди қонунӣ ба шумор меравад».

Кличко гуфт, порламон бояд президент Виктор Януковичро аз мақом барканор ва то 25 маи соли ҷорӣ интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ эълон кунад.
XS
SM
MD
LG