Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Қудратов имрӯз дар Олимпиадаи Сочи рақобат мекунад


Алишер Қудратов, варзишгари тоҷик, имрӯз, 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе дар Олимпиадаи Сочи дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом вориди рақобат мешавад.

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии чордаҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Норвегия мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Варзишгарони Норвегия дар ин муддат ҳамагӣ 22 медал - даҳ нишони тилло, чор нуқра ва ҳашт биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дастаи Русия - мизбони бозиҳо, ки 26 медал (нӯҳ тилло, даҳ нуқра ва ҳафт биринҷӣ) дорад, ба ҷойи дувум баромад. Тими Канада бо касби 24 медал - нӯҳ тилло, даҳ нуқра ва панҷ биринҷӣ дар ҷойи севум аст.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 27медал – нӯҳ тилло, ҳафт нуқра ва ёздаҳ биринҷӣ дар мақоми чорум мебошад. Дастаи Олмон бо касби 16 медал (ҳашт тилло, чор нуқра ва чор биринҷӣ) боз ду зина поён рафт ва дар мақоми панҷум қарор гирифтааст.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 21 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама бештар – 27 медал, варзишгарони Русия 26 медал ва Канада 24 медал ба даст овардаанд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо панҷ нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 8-ум, Украина бо як нишони тилло ва як биринҷӣ дар мақоми 20-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 24-ум, Қазоқистон бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 26-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Норвегия 10 4 8 22
2 Русия 9 10 7 26
3 Канада 9 10 5 24
4 ИМА 9 7 11 27
5 Олмон 8 4 4 16
6 Ҳолланд 6 7 9 22
7 Шветсия 6 3 2 11
8 Беларус 5 0 1 6
9 Фаронса 4 4 7 15
10 Лаҳистон 4 0 0 4
11 Чин 3 4 2 9
12 Корея 3 2 2 7
13 Австрия 2 7 3 12
14 Шветсия 2 6 6 14
15 Ҷумҳурии Чех 2 4 2 8
16 Словения 2 1 4 7
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
Ҷопон
Финляндия
Британия
Украина
Словакия
Италия
Австралия
Латвия
Хорватия
Қазоқистон
1
1
1
1
1
0
0
0
0
0
4
3
1
0
0
2
2
1
1
0
3
0
2
1
0
6
1
2
0
1
8
4
4
2
1
8
3
3
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Имрӯз, 22-юми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои ҳафт маҷмӯи медалҳо оид ба биатлон (1), лижаронии кӯҳӣ (1), конкитозӣ (2), пойгаи лижатозӣ (1) ва сноуборд (2) мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG