Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадуро шабакаи CNN-ро дар "тарғиби ҷанг" айбдор кард


Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро рӯзи ҷумъа 21 феврал шабакаи телевизионии амрикоии CNN-ро дар тарғиби ҷанг дар кишвар айбдор кард ва таҳдид намуд, ки пахши барномаҳояшро дар қаламрави Венесуэла қатъ мекунад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, CNN шабонарӯзӣ ба ҳама олам наворҳое намоиш медиҳад, ки гӯё дар Венесуэла ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Гап сари эътирозҳои зиддиҳукуматии ҳафтаи гузашта меравад, ки ба бархӯрд бо полис печиданд ва бар асари онҳо панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Эътирозҳо дар Венесуэла баъди он афзоиш ёфтанд, ки раҳбари мухолифин Леополдо Лопес ба ҳукумат таслим шуд. Лопес барои ташкили эътирозҳои зиддиҳукуматӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Баъд аз таслими ӯ даҳҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳои Каракас рехтанд ва аз Лопес пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG