Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарор дар бораи ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия лағв шуд


Аз Хадмоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар доданд, ки бо мусоидати намояндаи ин ниҳод дар Русия қарори додгоҳ дар бораи ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистн лағв шудааст.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷират рӯзи 21-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Шӯҳрат Мазбутов дар бораи лағви ихроҷаш ба намояндагӣ муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи Қодирӣ мувофиқи ҳукми додгоҳи ноҳияи Митишии вилояти Маскав дар мавриди аз қаламрави Русия хориҷ намудани вай қарор қабул карда буд.

Аммо бо мусоидати намояндагӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда шуданд, ки мувофиқи қоидаҳои қонун дар Русия фаъолият доштани ӯро тасдиқ мекунанд. Ҳамин тариқ додгоҳи вилояти Маскав дар асоси маводҳои пешниҳодшуда дар бораи лағви қарори додгоҳи ноҳияи Митиши ҳукм баровард. Шӯҳрат Мазбутов ҳамчунин аз пардохти ҷарима дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл, ки дар қарори додгоҳи ноҳияи зикршуда пешбинӣ шуда буд, озод карда шудааст.
XS
SM
MD
LG