Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ аз рӯи "парвандаи Болотная" ҳукм эълон мекунад


Як додгоҳи шаҳри Маскав ҳамаи алайҳи ҳашт нафари аз рӯи парвандаи бенизомиҳо дар майдони Болотная боздоштшуда иттиҳом эълон кард. Онҳо дар “ширкат дар бенизомиҳо ва истифодаи нерӯ алайҳи кормандони полис” дар гирдиҳамоии нерӯҳои мухолифини ҳукумати Русия, ки рӯзи 6 майи соли 2012 дар майдони Болотная дар Маскав айбдор шудаанд.

Додситон аз додгоҳ хостааст, ки гурӯҳи ҳаштнафара аз панҷ то шаш соли ҳабс дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум шавад. Аммо вакилони дифоъи гумонбарон мегӯянд, ки афроди таҳти ҳимояташон бояд сафед ва озод карда шаванд, зеро гуноҳашон собит нашудааст. Аз нигоҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия, “Парвандаи Болотная” ангезаи сиёсӣ дорад ва эътирозгаронро худи кормандони полис барои бархӯрд таҳрик додаанд.

Дар канори бинои додгоҳ кормандони полис беш аз 110 нафарро, ки ба хотири пуштибонӣ аз гумонбарон ҷамъ омада буданд, боздошт карданд. Полис ба Алексей Навалний ва аъзои гурӯҳи Pussy Riot Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина иҷозаи вуруд ба толорро надод.
XS
SM
MD
LG