Пайвандҳои дастрасӣ

Мансабҳои нави писари Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шариф Самӣ


Амирҷон Убайдуллоев, фарзанди дуввуми шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст.

Як манбаъи наздик ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки тибқи тағйироти сохторие, ки бар асоси фармони президент сурат гирифт, имрӯз як қатор кадрҳои ҷавон ба мансабҳо таъйин шуданд, ки Амирҷон Убайдуллоев низ муовини сардори раёсати молияи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мансуб шуд. Ин манбаъ афзуд, ки дар нимаи дувуми имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои тозатаъин мулоқот кардааст.

Амирҷон Убайдуллоев қаблан дар моҳи августи соли 2011 бо фармони президент, намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул таъйин шуда буд. Дар мақоме, ки дар гузашта Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло муовини аввали вазири молияи Тоҷиикстон аст, фаъолият мекард. То таъйин шудан ба ин вазифа Амирҷон Убайдуллоев дар Вазорати молияи Тоҷикистон кор мекард.

Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари калонии Маҳмадсаид Убайдуллоев пас аз барканорӣ аз раёсати консулии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба вазифаи сардори раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат пазируфта шуда буд. Мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат аз бахшҳои умдаи ин ниҳод ба шумор меравад.

Зимнан, Муҳаммадсаид Убайдуллоев беш аз 16 сол боз шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2000 раиси Маҷлиси Миллӣ буда, аз нафарони наздики раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Шариф Самӣ, ки дар мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекард, директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун таъйин шудааст.

Инчунин Маҳмадраҳим Исмоилов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Баҳром Иззатов, муовини раиси вилояти Хатлон,
Лочин Файзуллоев, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Гулрӯ Қаюмова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Давлаталӣ Ҳотамов, муовини якуми вазири кишоварзӣ, Руслан Шодиқов, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Грез Қосимов, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Бибиосия Ғуломова, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон; Хуршед Тешаев – Директори Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон; Савзалӣ Ҷаъфаров – Муовини директори Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон; Файзалӣ Мирзоалиев – Муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта, Мирзосафар Назриев, Директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди инфраструктураи иҷтимоӣ, таъйин шуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG