Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Киев задухӯрдҳои нав ба вуқӯъ пайвастанд


Вазорати умури дохилии Украина дар бораи задухӯрдҳои нав миёни эътирозгарон ва кормандони милиса хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи ҷумъа, 21 феврал, афроди ношинос дар кӯчаи Интитутская сӯи низомиёни нерӯҳои дохилӣ оташ кушоданд ва талоши вуруд ба бинои парлумонро карданд, ки он ҷо иҷлосия идома мекард. Дар ни ҷаласа раиси парлумони Украина Владимир Рибак ба вакилон гуфт, изҳороти шоми гузашта пазируфтаи парлумонро, ки дар он хушунат дар кишвар маҳкум ва баргузории амалиёти зиддитеррористӣ манъ шудааст, имзо кард. Дар санад ба оташбас ва баргардонидани нерӯҳои вижаи милисаву низомиён ба қароргоҳҳошон таъкид шудааст. Владимир Рибак ҳамчунин гуфт, ки парлумон рӯзи ҷумъа бояд санади бозгашт ба тарҳи Қонуни асосии соли 2004 ва қарор дар бораи авфро тасвиб кунад.

Ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурии Украина, ширкаткунандагони музокирот оид ба ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Украина, ки тамоми шаб идома кард, бархе аз шартҳои бурунрафт аз бӯҳронро ҳамоҳанг карданд.

Манбаъҳои рӯзномаи "Украинская правда" бархе аз ҷузъиёти созиши миёни раисиҷумҳур Виктор Янукович, раҳбарони аҳзоби мухолифи давлат ва миёнҷигарони аврупоиву русро нашр кардааст. Бар пояи ин созиш, тайи 48 соат аз роҳи бозгашт ба Қонуни асосии соли 2004 ваколатҳои раисиҷумҳур коҳиш дода мешаванд. Интихоботи раёсатҷумҳурӣ бояд моҳи декабри соли 2014 баргузор шавад ва тайи даҳ рӯзи оянда бояд ташкили ҳукумати эътилофӣ анҷом ёбад.

Вазорати ҳифзи сиҳати Украина ҳалокати 77 нафар ба асари хушунатҳо дар Киев сар аз рӯзи 18 февралро тайид кард. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи ҷумъа, 21 феврал, хабар дод, ки то субҳ 577 нафар аз осебдидидагон ба табибон муроҷиат карданд, 369 тани онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд.

Аммо мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки теъдоди қурбониён хело бештар аз арқоми расмист. Ба иттилои ҳамоҳангсозии хадамоти тиббии Майдони Истиқлол Олег Мусий, фақат рӯзи панҷшанбе дар Киев аз 70 то 100 нафар кушта шуданд. Миёни онҳо хабарнигори нашрияи "Спортаналитика" Игор Костенко низ ҳаст. Бештари осебдидагон аз муроҷиат ба бемористон худдорӣ мекунанд, зеро ҳарос доранд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ боздошт мешаванд. Вазорати умури дохилии Украина хабар дод, ки дар нооромиҳои Киев 13 кормандашонро талаф додааст.

Задухӯрдҳои шадид дар Киев рӯзи 18 феврал баъд аз он шурӯъ шуданд, ки ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо аз Майдони Истиқлол сӯи бинои парлумон раҳпаймоии мавсум ба “ҳамлаи осоишта” доир карданд.
XS
SM
MD
LG