Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 нафар дар як садамаи нақлиётӣ


Дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе – Ҳисор 4 нафар куштаву 3 нафари диагар ҷароҳат бардоштааст.

Аз Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 21-уми феврал хабар доданд, ки ин ҳодиса дар роҳи мошингарди Душанбе – Ҳисор дар назди боғи «15-солагии Ҳисор» рух додаст.

Ба гуфтаи ин манбаъ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Шӯҳратҷон Мирзоев, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти Ҳисор бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-сентейф», бар мехурад.

Автомашинаи тамғаи «Хундай-сентейф», таҳти идораи Ёқубҷон Шоев, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шаҳринав, аз самти Шаҳринав ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекардааст.

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» Шӯҳратҷон Мирзоев, мусофирони ҳамин автомашина Диловар Мирзоев ва Хушбахт Солиев, соли таваллудашон 1990, сокинони ноҳияи Ҳисор, як мусофири автомашинаи «Хундай-сентейф» Хайриддин Қурбонов, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Шаҳринав дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар ин садама ронандаи автомашинаи «Хундай-сентейф» Ёқубҷон Мирзоев, мусофиронаш Комилҷон Шарифов, соли таваллудаш 1960 ва Аҳлиддин Қурбонов, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
XS
SM
MD
LG