Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андрей Дригин: ”Владимиров ба ман кӯмаки беғаразона кард”


Андрей Дригин
Андрей Дригин

Андрей Дригин, узви мунтахаби олимпии Тоҷикистон, аз Сочи – макони баргузории Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ - ба Радиои Озодӣ номае ирсол кардааст.

Дар ин номаи худ Дригин гуфтааст, ки вай дар муддати 12 соли ҳамкориаш бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шарафи ин кишварро дар чаҳор олимпиадаи зимистона ҳифз намудааст. Вай навиштааст: “Мо баҳри он мубориза бурдем, ки каме ҳам бошад, Тоҷикистонро дар ҷаҳон шиносанд ва эҳтиром кунанд. Ман дар намуди аз ҳама хавфноки лижаронии кӯҳӣ, монанди нишебии босуръат ва супер-гигант рақобат мекардам, ки суръати ҳаракат то ба 150 км/соат мерасад. Як ҳаракати ноҷо боиси ҷароҳат мешавад. Ва ман дар муддати ин солҳо борҳо лат хӯрдаву ҷароҳатҳои вазнин бардоштаам.”

Ба гуфтаи Дригин ӯ дар чемпионати Русия солҳои 2005, 2007 ва 2009 ширкат карда, бо медалҳо сарфароз шудааст. Дар номаи худ вай зикр намудааст, “барои дар ин навъҳои лижаронии кӯҳӣ ширкат кардан, пайваста тамрин намудан зарур аст. Вале дар мо шароити зарурӣ фароҳам нест. Барои ба Амрикову кишварҳои Аврупо рафта, машқ кардан, маблағи зиёд лозим аст. Нархи лавозимоти варзишӣ низ барои ин намуд хеле гарон мебошад. Дар як сол 8 ҷуфт лижа зарур аст, ки нархи як ҷуфти он 1500 евро қимат дорад. Ба ғайр аз ин кулоҳ, айнак, чӯбдастаҳо, пойафзоли махсус ва ғайра лозим аст. Ва масъалаи муҳим ин дарёфти маблағ мебошад. ”

Дригин дар идомаи номаи худ навиштааст, “Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон танҳо як соле, ки Олимпиада барпо мегардад, кӯмак мекунад, вале се соли дигар чӣ кор кунем? Аз куҷо пул ёбем? Ҳама ба ман мегуфтанд, ки ин кор ба ту чӣ лозим, парто онро! Ва ман мефаҳмидам, ки агар ин корро ман накунам, ҳеҷ каси дигар намекунад. Бинобар ин тобистон кор мекардам ва бо маблағи ба даст овардаам тамрин карда, ба Бозиҳои ояндаи олимпӣ омодагӣ медидам. Ба ман лозим меомад, ки худам аз пайи ҷустуҷӯи сарпарастон шавам. Ва мардуми оддии рус, соҳибкорон ба ман кӯмак мекарданд, ҳарчанд онҳо медонистанд, ки ман таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунам, вале варзиш берун аз сиёсат аст. Дар ин муддати тӯлонӣ ман на аз Федератсияи лижаронии кӯҳии Тоҷикистон ва на аз одамони бойи Тоҷикистон кӯмак надидаам.”

Ба навиштаи Дригин барои омодагии ӯ ба Бозиҳои олимпӣ дар Сочи маблағ нарасидааст ва вай ба дӯсти худ Владимир Владимиров муроҷиат кардааст.
“Владимир Владимирович вакили шӯрои шаҳрӣ дар Красноярск, соҳибкор ва одами хуб мебошад. Вай аз кӯмак ба ман даст накашид, бар ивазаш чизе ҳам напурсид. Вале ман хиҷолат мекашидам. Бинобар ин аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хоҳиш кардам, ки ӯро барои хидматаш ба дастаи мо дохил кунанд”, - навиштааст Андрей Дригин дар ин номаи худ.

Зимнан, дар ҳайати тими олимпии Тоҷикистон ширкат кардани Владимир Владимиров, молики шабакаи тарабхонаҳо ва вакили шӯрои шаҳрии Красноярск, дар маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи, ки баҳсҳои гарму доғро дар расонаҳои хабарӣ барангехт, то ҳанӯз хомӯш нашудааст. Ҳатто баъзе аз расонаҳои Красноярск бо такя ба сӯҳбати Владимир Владимиров навиштаанд, ки ин мақомдор бар ивази пора ба ҳайати Тоҷикистон шомил гаштааст.

Дар ҳамин ҳол Дригин дар номаи худ менависад, “Владимиров дар кишвари Красноярск шахси маъруф аст, бинобар ин хабарнигорони Красноярск мунтазам бо ӯ ҳамсӯҳбат мешаванд, вале на ҳама вақт чизеро, ки вай мегӯяд, нашр мекунанд. Бар замми ин онҳо мекӯшанд, ки шаъну шарафи ӯро паст зананд ва чизеро ёбанд, ки дурӯғу фошкунанда бошад. Вале баъзе хабарнигорон танҳо баҳона меҷӯянд, ки касеро масхара кунанд, танҳо бадро менависанд, хароб кардан аз бунёд кардан осонтар аст. Агар одам хайрхоҳи мардуми худ, кишвари худ бошад, аввал бояд аз вазъият огоҳ шавад, баъдан чизе бинависад. Вале дар мо баръакс, ҳоло гапу калоча бисёр аст, гӯиё аккредитатсияи бозиҳои олимпиро мефурӯшанд ва ҳатто нархашро ҳам маълум кардаанд! Вале аз ин хабарҳои дурӯғу тӯҳматангез одамоне, ки ба варзиш кӯмак мекунанд ва кори худро софдилона анҷом медиҳанд, ранҷ мекашанд. “

Дар интиҳои номаи худ Андрей Дригин навиштааст, ки “дар атрофи Бозиҳои олимпӣ дар Сочи низ бисёр бӯҳтонҳо бофта шуд, вале ман ҳамчун шоҳиди чаҳор Бозиҳои зимистона мегӯям, ки Олимпиадаи Сочӣ яке аз беҳтаринҳост. Бояд кӯшиш кард, ки халқҳоро бо ягон чиз муттаҳид созем ва ба мисли варзиш ҳеҷ чиз мардумро муттаҳид намосозад.”

Матни комили номаи Андрей Дригин дар бахши русии сомонаи Радиои Озодӣ нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG