Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун хостори афзоиши низомиён дар ҶАМ шуд


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба зарурати интиқоли боз се ҳазор низомӣ ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (ҶАМ) таъкид кард. Ҳамин тариқ теъдоди умумии сарбозони байнулмилалӣ дар ин кишвари африқоӣ ба 11 ҳазор нафар хоҳад расид.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ афсарону сарбозони Иттиҳоди Африқо ва Фаронса мустақаранд.

Тақрибан як сол пеш ошубгарони гурӯҳи исломии “Селека” раҳбари давлатро сарнагун карданд ва ба думболи ин ҷанги миёни мусалмонҳову насрониҳо шурӯъ шуд. Дар ин муддат беш аз як миллион нафар дар кишвари худ фирориву овора шуданд.

Аз ин пеш ҳамоҳангсозии барномаҳои башарии СММ Валери Амос аз сатҳи пойини таъмини амният дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, низоми таъмини амният дар кишвар фаъол нест ва нерӯҳои байнулмилалӣ тавони дифоъ аз мардуми осоиштаро надоранд.
XS
SM
MD
LG