Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳ - фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар Душанбе


Имрӯз, ҷумъаи 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ - фурӯши маҳсулоти корхонаҷоти саноатии пойтахт оғоз ба кор кард.

Ин иқдом ба муносибати 90-умин солгарди мақоми пойтахт гирфтани шаҳри Душанбе дар маҷмааи "Душанбе - Плаза" ба ибтикори ҳукумати иҷроияии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Дар ин намоишгоҳ маҳсули ҳудуди 20 ширкату корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштаанд.

Маҳсулоти ба намоишгоҳ - фурӯш гузошта шуда аз корхонаҳои ширу гушт, ҳасибу қаннодӣ ва ҳамчунин бофандагиву дӯзандагӣ ва сангҳои қиматбаҳо ташкил ёфтаанд.

Қарор аст намоишгоҳ - фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе муддати ду рӯз - 21 ва 22 феврал дар маҷмааи "Душанбе - Плаза" идома пайдо кунад.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин намоишгоҳ - фурӯш умдатан сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дидан мекунанд.

Ба мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ қимати маҳсулот дар намоишгоҳ - фурӯш нисбат ба бозор арзонтар будааст.

Зимнан, Тоҷикистон дар соли 1924 ба унвони ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Узбакистон ташкил ёфт ва Душанбе пойтахти Тоҷикистон эълон гардид.
XS
SM
MD
LG