Пайвандҳои дастрасӣ

"Ғайр аз намояндаи рӯзноманигорон, дигар ҳама пурсида шуд"


Коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) давоми 3 рӯз ҳамаи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар мавриди вуҷуди ришвату фасод дар се соли ахир дар кишварро мавриди пурсиш қарор доданд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки рӯзҳои 17-19-уми феврал коршиносони СҲИР барои омода кардани «Ҳисоботи давраи сеюми ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси фасоду ришват» бо намояндагони вазоратхонаҳо, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳо дар "Кохи Ваҳдат"-и Душанбе суолу ҷавоб кард ва матни ҳисоботро бо худ бурданд.

Вай афзуд, чанд суоле, ки мебоист намояндагони Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон посух медоданд, мутаассифона дар мулоқот ҳозир нашуданд, «вале намояндагони Иттҳодияи нависандагон ҳозир шуданд ва ба суолҳо посух доданд».Ба гуфтаи масъулони Оҷонсии зидди фасод, суолҳо аслан дар иртибот ба 17 тавсияи СҲИР ба ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҷилавгирӣ аз фасоду ришват дар Тоҷикистон ихтисос доштанд.

Аммо Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар вохӯрии коршиносони СҲИР бо сабаби беморӣ ҳозир шуда натавонистааст. Ҷаноби Сатторов гуфт, намояндаи дигари Иттиҳодияи рӯзноманигорон ширкат карда буд, вале бо набудани роҳбар, аз ӯ суолҳоро напурсидаанд.

Яке аз суоле, ки мебоист Иттиҳодияи журналистҳо посух медод, ин будааст, ки муборизаи мақомоти ҳукумати Тоҷикисон дар се соли гузашта дар иртибот бо фасоду ришва дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чӣ гуна инъикос меёфт ва оё рӯзноманигорон чӣ гуна дастрасӣ ба манбаъҳои давлатӣ дар масъалаи ифшои фасоду ришват доштанд? Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки рӯзи 25-уми феврал дар мавзуи фасоду ришват ҳамоише баргузор хоҳанд кард ва хулосаҳои худро дар ин маврид дар он ироа мекунанд.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки матни «Ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба фасоду ришват»-ро СҲИР дар 16-уми марти соли равон барои бозбинӣ ба Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард ва имкон дорад назари Иттиҳодияи журналистҳо ворид карда шавад.

Коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон аз намояндагони вазорати маориф, Додситони кул, вазорати адлия, Тоҷикстандарт, Хадамоти гумрук, Иттиҳодияи нависандагон, бо ҳайати эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ва дигар ниҳодҳо суолҳои худро матраҳ намуда, посухҳои онҳоро барои ҳисобот зикр кардаанд. Қарор аст ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон оид ба фасоду ришва дар моҳи апрел дар Париж дар ҷаласаи навбатии СҲИР баррасӣ шавад.

Зимнан, ин даври сеюми омӯзиши вазъи мубориза бо ришвату фасод дар Тоҷикистон буд. Коршиносони СҲИР ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додаанд, ки шароити муносибе барои гузаронидани пурсишҳо ва тафтишҳои мунтазам ҷиҳати мушаххас кардани фасоду ришва дар шохаҳои ҳукумат, шароит фароҳам оварда шавад ва чунин таҳқиқ ақаллан як бор дар се сол анҷом дода шуда, натиҷаи он дар барномаҳои зидди коррупсияи Тоҷикистон истифода гарданд.

Раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, Абдулфаттоҳи Ғоиб, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ изҳор дошта буд, ки талошҳои муқвимат бо коррупсия бештар мешаванд ва маълум гаштааст, ки асосан мақомоти назоратӣ даст ба ин ҷиноят зада, дар навбати худ, аҳолӣ низ бо пешниҳод кардани ришва ин падидаро нерӯ медиҳад. Биноан, афзуд ӯ, бояд маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон такмил ёбад ва ҷомеа дар мубориза бо фасод “ аз як гиребон сар барорад”.

Тавсияҳои байнулмилалӣ пас аз пайвастани Тоҷикистон ба СҲИР дар соли 2004 ба Тоҷикистон пешниҳод шуда, даври аввали мониторинги он дар соли 2006 ва даври дуввум дар соли 2010 сурат гирифта буд. Пас аз даври сеюм Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои узви СҲИР ҷой дода хоҳад шуд. Ҳамасола дар баҳогузориҳои созмони байнулмилалии Transparency International Тоҷикистон дар қатори кишварҳое зикр мешавад, ки барои густариши фасоду ришва шароити мусоид доранд. Соли гузашта ин ниҳод дар раддабандии фасодзадагӣ ба Тоҷикистон дар миёни 177 кишвар ҷои 154-уми раво дида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG