Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зоиров алайҳи ВКД ба Додситонии кулл шикоят бурд


Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ бинобар беамалии мақомоти вазорати корҳои дохилӣ тибқи «Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» дар робита ба ҳамлаҳои такрории «занони исёнгар» ба дафтари ин ҳизб ба додсиитони кулли Тоҷикистон шикоят бурд. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 21-уми феврал ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз 10 декабр ба ин тараф бо вуҷуди муроҷиатҳои расмии ӯ ҳамчун раиси ҳизб ба мақомоти вазорати корҳои дохилӣ дар мавриди ҳамлаи занҳои исёнгар, ҳеҷ таваҷҷӯҳ накарда ва тафтишот набурданд.

Ба гуфтаи оқои Зоиров, раёсати корҳои дохилии Душанбе "Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон"-ро нақз кард ва бо назардошти ин, имрӯз ба додситонии кулл аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда, хоҳиш кардааст, ки ба беамалии мақомоти дахлдор расидагӣ кунад. Вай меафзояд, ки ҳатто ҳамлаи дубораи занон ба қароргоҳи ҳизб сурат гирифт ва боз ҳам Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ хомӯширо пеша кардааст. Ҷаноби Зоиров афзуд, «барои мо маълум шуд, ки рӯзе занон дубора ба қароргоҳи мо ҳамла карданд, мӯҳтарам Назаров, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии пойтахт занонро ба идораи корхонаи коммуналии манзилии рақами 13 шаҳр даъват карда, сӯҳбат намуда, баъдан ҷавобашон додааст.»

Як гурӯҳ занон субҳи рӯзи шанбеи 1-уми феврал ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамла бурдаанд. Аммо дари толори ҷаласаро баста дарёфтанд. Ин ҳамлаи дувуми ин гурӯҳи занон ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар ду моҳи ахир мебошад. Аз ин қабл, дар таърихи 10-уми декабри соли гузашта қарор буд, нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ бо занони фаъол дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доир шавад, аммо ин мулоқот оғоз нашуда, як гурӯҳи занон вориди толор шуданд ва бо нидоҳои "мо дигар ҷанг намехоҳем, чун дар ҷанг шавҳару фарзандони худро аз даст додаем!" шиор сар доданд. Ин гурӯҳ Раҳматулло Зоировро ба бадгӯйиҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон айбдор карданд. Ба дунболи ин ҳодиса Раҳматулло Зоиров бо ирсола як нома ба унвони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, хоҳиш карда буд, ки нишонаи занони «исёнгар»-ро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG