Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Душанбе имрӯз абрнок ва бебориш хоҳад буд


Вазъи обу ҳаво дар чанд рӯзи оянда тағйир ёфта дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он рӯзҳои боронӣ ва шамол дар назар дошта шудааст.

Аз муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, ки имрӯз 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок буда, бориш намешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа гарм мешавад. Шамол аз самти шарқ то 5 метр дар як сония мевазад.

Аммо рӯзҳои охири ҳафта шанбе ва якшанбе ҳарорати ҳаво паст шуда, боронҳои пай дар пай мебоарад. Рӯзи шанбе вазиши шамол 10 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Ва ҳарорати ҳаво охири ҳафта то 5 дараҷа гармӣ поин меравад.

Ба гуфтаи масъулони муассисаи обу ҳавошиносӣ рӯзи душанбеи авали ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе ҳавои боронӣ буда, ҳарорати ҳаво 4-6 дараҷа гарм мешавад. Аммо шуруъ аз 25-уми феврал ҳарорати ҳаво гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG