Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лутковская: Дар Киев беш аз 50 кас кушта шудаанд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари кишвар Владимир Лукинро ба Киев фиристод. Сухангӯи раисиҷумҳур Дмитрий Песков рӯзи панҷшанбе гуфт, ин тасмим баъд аз дархости сарвари Украина Виктор Янукович гирифта шуд, ки мехоҳад намояндаи Русия дар музокироти миёни ҳукумат ва мухолифин миёнҷигарӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол ваколатдори парлумони Украина дар умури ҳуқуқи башар Валерия Лутковская изҳор намуд, ки дар задухӯрдҳо дар Киев беш аз 50 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ин пеш мухолифин дар бораи ҳалокати 60 нафар фақат дар рӯзи панҷшанбе хабар доданд. Аммо вазорати ҳифзи сиҳати Украина теъдоди қурбониёнро 35 нафар гуфтааст.

Ба иттилои хабаргузориҳо, бархӯрдҳо дар Киев то ҳол идома доранд. Ҳамзамон ҳарчӣ бештар ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин аз вилоёти гуногуни Украина вориди Киев мешаванд. Вазорати умури дохилиии Украина ахиран тайид кард, ки ба ҳама кормандонаш силоҳи оташфишон додааст ва бар пояи қонун онҳо ҳаққи оташ кушодан ба ҳамлагаронро доранд.
XS
SM
MD
LG