Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ ду ниҳоди давлатиро ба додгоҳ кашид


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) кумитаҳои амният, телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидааст. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ин ҳизби мухолиф рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаи даъвогии ҲНИТ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми феврал ирсол шуд.

Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, дар ариза зикр шудааст, ки «дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мо дида истодаем, ки давлат дар симои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» ва ҳамҷавобгар Маҳмадулло Холов аз беамалии ҳукумати Тоҷикистон, ҳуқуқҳои мо шаҳрвандонашро поймол намуда истодааст.»

Шоми 7 феврал дар як гузориши вижа, ки дар телевизионҳои давлатӣ нашр шуд, Маҳмадулло Холов, ки ба таҷовуз ба номуси ду духтарандараш айбдор мешавад, ҳамчун узви ҲНИТ муаррифӣ шуд. ҲНИТ инро рад мекунад ва ҳоло бо талаби пахши раддияи расмӣ ба додгоҳ рафтааст.

ҲНИТ бо беш аз 40 000 узв бузургтарин ташаккули сиёсии мухолифин дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG