Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону "шашгона" мавзӯи музокироти ояндаро маълум карданд


Кэтрин Эштон, масъули сиёсати берунаи Иттҳодияи Аврупо, музокироти шаш кишвари пешрафтаи олам ва Эрон оид ба барномаи ҳастаии Теҳронро чун “пурмаҳсул” ва “оғози нек” арзёбӣ кард.

Баъд аз се рӯзи гуфтушунид дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, хонум Эштон ба хабарнигорон гуфт, ки музокирот рӯзи 17 март аз сар гирифта мешавад. Дар гуфтугӯи ҳайатҳо дар Вена, ба гуфтаи ӯ, он масъалаҳое, ки бояд дар гуфтушуниди оянда ҳаллу фасл шаванд, мушаххас карда шуданд. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, тайид кард, ки бо хонум Эштон дар мавриди мавзӯъҳои баҳсу баррасиҳои музокироти оянда ба созиш расиданд.

Музокирот миёни Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ – ИМА, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ба изофаи Олмон дар Вена – нахустин нишаст баъд аз гуфтушуниде буд, ки 24 ноябри соли гузашта бо имзои созиши муваққат поён ёфта буд. Бар пояи тавофуқи ҳосилшуда, Эрон тайи шаш моҳ ба ивази лағви бархе аз таҳримҳои байнулмилалӣ бояд пажуҳишҳои ҳастаии худро коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG