Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Сино даъвои буниҳисоракиҳоро рад кард


Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 19 феврал шикояти сокинони собиқи маҳаллаи Буниҳисораки пойтахтро рад кардааст. Дар дафтари матбуоти Додгоҳи Сино рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додгоҳ даъвои сокинони Буниҳисорак дар асоси аризаи шикоятии шаҳрванд Икром Тешаевро бекор кард.

Додгоҳи ноҳияи Сино бар асоси аризаи шикоятии шаҳрванд Икром Тешаев тибқи модаи 263-и Кодекси шаҳрвандӣ, банди 2, яъне тахриби манзилҳои зисти ғайриқонунии шаҳрвандон, парванда боз карда буд.

Ҷабрдида Теша Икромов, устоди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, дар мурофиа раиси пешини ноҳияи Сино Раҳматулло Табаров, ки фармони тахриби манзилҳоро содир карда буд, даъват шуд. Аммо тавре ҷаноби Тешаев зикр кард, «дар ин мурофиа раиси пешини ноҳияи Сино Раҳматулло Табаров, ки ҳоло дар мансаби раиси Хадамоти сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ кор мекунад, бо нишон додани матни қарори ҳукумати шаҳри Душанбе гуфтааст, ки бар асоси ин қарор фармони тахриби 14 манзили зист дар маҳаллаи Буниҳисоракро додааст.»

Икром Тешаев мегӯяд, 14 хонаводаи иборат аз беш аз 100 нафар чанд сол боз дар ба дари идораҳои давлатӣ мегарданд, вале бенатиҷа. Мақомоти ноҳияи Сино ба ин 14 хонавода дар ивази манзилҳои тахрибшуда манзили нав надоданд, чунки аснодашон қонунӣ набуд. Ҳукумати шаҳри Душанбе соли 2009 ин маҳаларо хароб карда, дар ҷояш «Боғи пойтахт»-ро бунёд кард.
XS
SM
MD
LG