Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Дар Яман эҳтимолан мардуми осоишта кушта шудаанд


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch рӯзи панҷшанбе, 20 феврал, дар як гузориш навишт, ки дар Яман шояд беш даҳ сокини осоишта қурбонии зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки ин ҳодиса дар рустои Радда рӯй додааст ва бар асари чаҳор зарбаи мушакӣ 12 нафар кушта шуда ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Гуфта мешавад, ки сокинони осоишта ба тӯйи арусӣ мерафтанд.

Пайвандони қурбониён мегӯянд, ки ҳамаи онҳо сокинони осоишта буданд. Вале низомиёни амрикоӣ, ки гуфтаанд онҳо фақат мусаллаҳони “Ал-Қоида”-ро ҳадафи ҳамла қарор дода буданд, аз пахши натиҷаҳои тафтиши ин ҳодиса сарпечӣ кардаанд, гуфта шудааст дар гузориши Human Rights Watch.
XS
SM
MD
LG