Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ораз Назаров «Антизенхофен»-и Австрияро машқ медиҳад


Ораз Назаров, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, ёвари сармураббии бошгоҳи футболи «Антизенхофен»-и Австрия таъин шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки тими «Антизенхофен» дар дивизиони сеюми чемпионати Австрия бозӣ мекунад.

Ораз Назаров 3-юми феврали соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Вай авохири солҳои 80-уми қарни гузашта дар дастаи «Помир» бозӣ мекард. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бошгоҳҳои футболи Олмон ва Узбакистон ҳунарнамоӣ кардааст.

Вай соли 1992 дар ҳайати «Помир» қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Ӯ соли 1999 бо 11 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрмонии кишвар шудааст.

Карйераи мураббигии Ораз Назаров дар Тоҷикистон аз соли 2006 оғоз ёфтааст. Вай, аз ҷумла, ба ситоди мураббиёни бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода дохил буд. Инчунин моҳи августи соли 2011 сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таъин шуда буд.

Ораз писари мураббии маъруфи футбол Шариф Назаров аст. Падари ӯ феълан раиси бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мебошад.
XS
SM
MD
LG