Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Киев задухӯрдҳо аз сар гирифта шуданд


Дар маркази Киев рӯзи панҷшанбе, 20 феврал, задухӯрдҳои эътирозгарон бо кормандони милиса аз сар гирифта шудаанд. Хабаргузории УНИАН менависад, бо вуҷуди созиши оташбас, ки шаби гузашта ҳосил шуда буд, мухолифини ҳукумат Кохи Октябрро забт карда ба милиса ҳамла гузаштанд. Аз канори ин бино садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад ва дуди сиёҳ ба фазо мепечад.

Ба навиштаи хабаргузории “Лента.ру”, эътирозгарон кормандони милисаро латукӯб ва ҷавшанҳои онҳоро ғасб мекунанд, як мошини обпоши милиса оташ зада шуд.

Гурӯҳи “Беркут” ба кӯчаи Олгинская ақибнишинӣ кардааст ва аммо ҳамоно сӯи ҳамлагарон норинҷакҳо бо гази ашковар партоб мекунад. Бархе аз ҷанговарони “Беркут”, ки дар канори бинои парлумон мустақар буданд, сӯи истгоҳи метрои “Арсенальная” ақибнишинӣ карданд ва фарёд мезананд, ки тазоҳургарон аз силоҳи оташфишон истифода мебаранд. Аз ин пеш вазорати умури дохилии Украина хабар дода буд, ки дар Майдони истиқлол аз тири мерганҳо ё снайперҳо беш аз 20 тан аз кормандони нерӯҳои умури дохилӣ ва “Беркут” маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои расмӣ, теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо миёни эътирозгарон бо кормандони полис дар шаҳри Киев ба 28 нафар расид.

Рӯзи панҷшанбе дар Украина ба ёди қурбониёни рӯёрӯиҳои Киев мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG