Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Ҷопон профессори ифтихории Донишгоҳи Кӯлоб шуд




Хиройуки Имахаши, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ба унвони профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ сарфароз гардид.

Дипломи «Профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб» ба сафири Ҷопон рӯзи чаҳоршанбе, 19-уми феврал дар ҷараёани сафари корияш ба шаҳри Кӯлоб ва боздид аз Донишгоҳи давлатии ин шаҳр тақдим гардид .

Абдулло Табаров, раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, зимни маросиме саҳми Хиройуки Имахаши, сафири Ҷопон дар Тоҷикистонро дар густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷопон, ба хусус дар заминаҳои донишгоҳӣ муҳим арзёбӣ кард.

Хиройуки Имахаши низ назди ҳайати донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб суханронӣ кард, ки дар меҳвари он равобити густурдаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар бахшҳои мухталиф қарор гирифт. Ҳамчунин сафир ба суолҳои сершумори шогирдону устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб посух гуфт.

Зимнан, дар чаҳорчӯби сафари дурӯзааш аз вилояти Хатлон, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон аз маҷмаъаи таърихии "Қалъаи Ҳулбук" ва ҷойҳои дидании шаҳри Кӯлоб боздид намуд.
XS
SM
MD
LG