Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳаводиси Киев ба 28 нафар расид


Теъдоди қурбониёни задухӯрди эътирозгарон бо кормандони полис дар шаҳри Киев ба 28 нафар расид. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 20 феврал, сомонаи интернетии вазорати ҳифзи сиҳати Украина хабар дод. 445 нафар аз осебдидагон аз табибон имдод хостаанд, 287 кас, аз ҷумла, шаш хабарнигор, дар бемористонанд. Аммо мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки теъдоди маҷрӯҳон беш аз ҳазор нафар аст.

Рӯзи панҷшанбе дар Украина ба ёди қурбониён мотам эълон шудааст. Шаби гузашта мақомоти Украина ва мухолифин дар бораи оташбас ба созиш расиданд. Интизор меравад, ки имрӯз музокирот ба хотири эътидоли авзоъ аз сар гирифта шавад.

Нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко, ки дар маҳбас қарор дорад, гуфтугӯ бо ҳукуматро бефоида номид, зеро ба гуфтаи ӯ, “раисиҷумҳур Виктор Янукович вақтро кашол медиҳад то мавқеи худро қавитар кунад ва хуни бештар резад”. Тимошенко даъват кард, ки раҳбари мустабид “имрӯз ва барои ҳамешагӣ” сарнагун карда шавад.

Субҳи панҷшанбе се автобус бо ҷонибдорони мухолифин аз шаҳри Лвов ба Киев расид. Дар Майдони Истиқлол гирдиҳамоӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG