Пайвандҳои дастрасӣ

УЕФА: Футбол дар Киев баргузор мешавад


Варзишгоҳи "Динамо" дар Киев

Варзишгоҳи "Динамо" дар Киев

Федератсиони футболи Аврупо УЕФА эълом дошт, ки бо вуҷуди нооромиҳо дар Украина бозӣ миёни дастаҳои "Динамо"-и шаҳри Киев ва "Валенсия"-и Испания дар чаҳорчӯби Ҷоми қаҳрамонҳои УЕФА мавқуф гузошта намешавад. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбе, 20 феврал, дар Киев баргузор хоҳад шуд. Аммо дар кадом варзишгоҳ доир шудани бозӣ ҳанӯз маълум нест.

Дар изҳороти УЕФА фақат аз мураббиёну футболбозони испанӣ даъват шудааст, ки то шурӯъи бозӣ меҳмонхонаро тарк накунанд.

Бар асари бархӯрдҳо миёни эътирозгарон ва кормандони милиса дар шаҳри Киев, ки рӯзи сешанбе баъд аз раҳпаймоии мухолифин шурӯъ шуд, 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои вазорати ҳифзи сиҳати Украина то субҳи рӯзи 19 феврал беш аз 350 нафар аз осебдидагон дар ҳаводиси Киев барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат карданд, 240 тани онҳо зери назорати табибон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG