Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи нав ба аъзои Pussy Riot дар шаҳри Сочӣ


Надежда Толоконникова ва Мария Алехина, ду узви гурӯҳи Pussy Riot, рӯзи чаҳоршанбе дар Сочӣ мавриди ҳамлаи казакҳои маҳаллӣ қарор гирифтанд. Ба навиштаи расонаҳо, яке аз казакҳо ба онҳо таҳдид карда ва сипас ба рӯяшон гази ашковар пошидааст. Дар як ҳодиса як тан аз ҳаводорони Pussy Riot осеб дидааст.

Надежда Толоконникова ва Мария Алехина рӯзи сешанбе дар Сочӣ боздошт ва баъд аз чанд соат бидуни эълони иттиҳом озод карда шуданд.

Қаблан Толоконникова дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳоро дар дуздӣ аз як меҳмонсарои шаҳр айбдор мекунанд. Толоконникова ва Алехина мегӯянд, онҳо барои дар мавриди дуздӣ дар меҳмонхона бидуни вакилони дифоъ баёнот надоданашон, аз сӯи полис лату кӯб шудаанд.

Моҳи декабри соли гузашта Толоконникова ва Алехина афв ва пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо карда шуданд. Онҳо гуфтанд, ки аз ин баъд барои дифоъ аз ҳуқуқҳои маҳбусон талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG